Сиёсатшинос: Раисҷумҳури Озарбойҷон ба доми Туркия афтид

Сиёсатшинос: Раисҷумҳури Озарбойҷон ба доми Туркия афтид

  • Post category:Ҷаҳон


Сергей Михеев, сиёсатшиноси рус дар як барномаи шабакаи телевизионии “Россия 1” оиди Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон ва ҷанги Кӯҳистони Қаробоғ изҳори назар кард.
Михеев гуфт, “Илҳом Алиев агар нахоҳад, ки ӯро сарнагун кунанд, маҷбур аст, ки ҷанги Кӯҳистони Қаробоғро идома диҳад. Комилан равшан аст, ки ӯ ҳоло наметавонад ҷангро қатъ кунад. Барои ӯ муҳим аст, ба натиҷае расад, ки метавонад онро ҳамчун муваффақият дар дохили кишвар нишон диҳад. Дар акси ҳол… қадами навбатӣ иваз шудан ӯ аст, зеро, мухолифати дохилӣ дар идома масъалаи шоиста будан, ё набудани ӯ ба мақоми раисҷумҳурии Озарбойҷонро пеш меронад”.
Ба гуфтаи сиёсатшинос, агар ҳатто Алиев аз сари қудрат равад, ба ҷои ӯ касе раисҷумҳур мешавад, ки камтар мустақил ва бештар миллигаро хоҳад буд. Ва ин сарвари нави давлат нисбат ба Алиев бештар вобастаи Туркия хоҳад буд.
Михеев афзуд, “Аз ин рӯ, вазъияти кунунӣ барои Туркия фоидаовар аст. Онҳо дар муддати кӯтоҳ озариҳоро ба роҳе дароварданд, ки ҳар чӣ бештар дар он пеш меравӣ, ҳамон қадар зиёдтар дармемонӣ. Ба ин далел, туркҳо дар ҳар сурат таъсири худро ба Озарбойҷон афзоиш медиҳанд”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ