ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ РАҚАМИ КӮТОҲИ «1146» БА КОР МЕДАРОЯД

Вазорати маҳалла ва дастгирии оила бо мақсади расондани ёрӣ ба бартараф кардани муаммоҳои ҳаёти оилавии занҳо дар диёрамон, ба тарзи муносиб ҳимоя кардани ҳаққи ҳуқуқи ҳаётӣ ва пешгирии қурбони таҷовузи маишӣ шудани онҳо,расондани ёрии моддию маънавӣ ва тиббию психологӣ барои аз нав ба роҳ мондани ҳаёташон фаъолияти телефони боварии рақами «1146»- ро оғоз мекунад.

Вазорати маҳалла ва дастгирии оила дар назди Маркази ҷумҳуриятии офияти шахсони аз таҷовуз ҷабрдида ва пешгирии ба ҷони худ қасд кардан аз 10 — уми октябри соли равон барои ташкил кардани фаъолияти телефони боварии мазкур ва молиягузории он бо Бунёди аҳолишиносии СММ ба созиш муваффақ шуд.Ҳоло корҳои зарурии ташкилӣ иҷро карда мешаванд.

Ба воситаи телефони боварӣ ба занҳое, ки қурбони таҷовузи иҷтимоӣ шудаанд, барои паси сар кардани вазъияти душвори ҳаёташон ёрӣ дода, ба онҳо кӯмаки зарурии рӯҳӣ, ҳуқуқӣ ва тиббӣ расонда мешавад.

  • бо хоҳиши занҳои муроҷиаткунанда шахс ва мазмуни муроҷиати онҳоро сир медоранд.
  • ҳамдиёроне ҳам, ки ба зери по шудани ҳаққу ҳуқуқи занҳои дар атрофашон буда гувоҳ ё ки бо ҳолатҳои манфии дигар рӯ ба рӯ мешаванд, метавонанд ба телефони боварии»1146″ занг зада, дар ин бора хабар диҳанд.

Фаромӯш накунед, ки ба муҳофизати муносиби ҳуқуқи занон, ҳифзи онҳо аз муаммо ва таҷовузҳои маишӣ ва пешгирии ҳолатҳои нохуши гуногун ҳар яки мо масъулем.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ