Иммунитет моро аз коронавирус чанд муддат ҳифз мекунад?


Александр Чепурнов, раҳбари собиқи озмоишгоҳи “Вектор”-и Русия дар бораи иммунитет зидди коронавирус маълумот дод.
Ба гуфтаи вай, иммунитети касе, ки бемории COVID-19-ро паси сар кардааст, тақрибан ним сол ӯро аз коронавирус ҳифз мекунад.
Чепурнов таъкид кард, ки дар организми шифоёфтагон баъди 3-4 моҳ миқдори антитанаҳо кам мешавад ва гоҳо ҳатто комилан аз байн мераванд. Дар натиҷа, баъди 5-6 моҳ иммунит дигар наметавонад бо коронавирус мубориза кунад.
Мутахассис афзуд, “Ба ин далел, ман чунин мешуморам, ки иммунитет бар зидди коронавирус нимсола аст. Мо дар ҳоли ҳозир бемореро мушоҳида мекунем. Ӯ як моҳ иммунитети хеле хуб дошт ва баъди нахустин беморшавӣ 6 моҳ гузашту дубора мубталои вирус шуд. Аз ин бармеояд, ки онҳое, ки дар моҳҳои апрел ва май мубталои коронавирус шуда буданд, ҳоло дубора дар рӯбарӯи хавфи сирояти вирус истодаанд.
Ба назари Чепурнов, афзоиши шумори мубталошудагон барои шакл гирифтани иммунитети оммавӣ бар зидди коронавирус ёрӣ намедиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ