Дар Фаронса омӯзиши забони арабӣ дар мактабҳо баррасӣ мегардад

Дар Фаронса омӯзиши забони арабӣ дар мактабҳо баррасӣ мегардад

  • Post category:Ҷаҳон


Жералд Дарманен, вазири корҳои дохилии Фаронса пешниҳод кард, ки масъалаи омӯзиши забони арабӣ дар мактабҳои кишвар баррасӣ гардад. Ӯ ин пешниҳоди худро “қадами боҷуръатонаи ҷумҳурӣ” хонд. Дар ин бора Регнум ба нақл аз Journal du Dimanche хабар дод.
Ба назари Дарманен, омӯзиши забони арабӣ барои “заъиф кардани ҳукумати муассисаҳои динӣ” ёрӣ медиҳад ва ба ин дарс бештар ранги дунёвӣ мебахшад.
Ӯ гуфт, “Вақте, ки хурд будам, дӯстони ман, ки аҷдодашон аз Испания ва Португалия буд, дар мактаб забони худро ёд мегирифтанд. Вале, бародаронхондагони ман, ки аҷдодашон аз Африқои Шимолӣ буданд, танҳо дар масҷид метавонистанд забони арабиро омӯзанд… Оё, мо ҳаминро мехоҳем? Мо ба ҷавонони фаронсавӣ муҳтоҷем, ки ба забони арабӣ ҳарф зананд”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ