Дар Оқдарё ҷамъоварии пахта сар шуд

Дар Оқдарё ҷамъоварии пахта сар шуд

Имсол пахтакорони ноҳияи Оқдарё аз 5761 гектар майдон ҷамоварии 16250 тонна пахтаро ба нақша гирифтаанд. Ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна 28,2 сентнерро ташкил медиҳад.
Аллакай аз 204 хоҷагии фермерии ноҳия дар 10-тоаш ба ҷамъоварии ҳосил шурӯъ карданд. Ҳокими ноҳия Н.Сулаймонов ба саҳро ташриф оварда, ба масъулин оид ба беҳтар намудани шароит барои чинакчиён супоришу тавсияҳо дод.
Бо мақсади муташаккилона гузаронидани мавсим имсол 157 дастаи ҳосилғундор ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 9823 нафар чинакчиён, аз ҷумла 5498 нафар коргарони хоҷагиҳои фермерӣ ва 4325 нафар шахсони номуташаккил мебошанд.
Ғайр аз ин, 42 корманди бонкҳо, 55 воситаҳои нақлиётӣ барои чинакчиён, 138 дона мошини пахтакашонӣ ва 224 притсеп ба мавсими пахтачинӣ вобаста карда шуданд.
Бояд гуфт, ки то санаи 5-уми октябри соли ҷорӣ дар вилоят 49724 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки ин 23,1 фоизи нақшаи шартномавиро ташкил мекунад.

Ҷӯрабек ХӮҶАЕВ, сарвари шӯъбаи хоҷагии қишлоқи Садорати статитикаи вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ