Аз назари Илҳом Алиев моҷарои Кӯҳистони Қаробоғ танҳо бо ҷанг ҳал мегардад

Аз назари Илҳом Алиев моҷарои Кӯҳистони Қаробоғ танҳо бо ҷанг ҳал мегардад

  • Post category:Ҷаҳон


Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон ҳалли моҷарои Кӯҳистони Қаробоғро танҳо дар ҷанг мебинад. Дар ин бора Интерфакс хабар дод.
Ӯ дар мусоҳиба дар шабакаи телевизионии “Ал Арабия” гуфт, “Ман бисёр шунидаам, ки моҷаро бо роҳи низомӣ ҳал намегардад. Аввалан, ман чунин намешуморам. Дувум, агар роҳи низомӣ набошад, пас ба мо роҳи ғайринизомиро нишон диҳед. Қарорҳои Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳидро иҷро кунед”.
Ба гуфтаи Алиев, аз соли 1992 то ба имрӯз музокираҳои ҳалли моҷаро баргузор мешавад.
Вай афзуд, “Дар ин 28 сол кадом роҳи дипломатик вуҷуд дошт? Оё, миёнаравон ва созмонҳои байналмилалӣ ба мо ҳалли сиёсии моҷароро пешниҳод карданд? На, онҳо масъаларо ях кунонданд. Мо бояд чанд муддат сабр кунем? Боз 30 сол? Агар ҷомеаи байналмилалӣ натавонад иҷрои қатъномаҳои қабулшуда таъмин кунад, пас Озарбойҷон онро иҷро мекунад ва ин дар ҳоли ҳозир содир мешавад”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ