Қирғизистониён аз натиҷаҳои интихоботи навбатии порлумонӣ норозӣ

Қирғизистониён аз натиҷаҳои интихоботи навбатии порлумонӣ норозӣ

  • Post category:Ҷаҳон

Ба нақл аз Sputnik Қирғизистон, дар интихоботе, ки ахиран баргузор шуд чаҳор ҳизби сиёсӣ “Биримдик”, “Мекеним Қирғизистон”, “Қирғизистон” ва “Бутун Қирғизистон” ба парлумон роҳ ёфтанд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки ду ҳизб — «Бир Бол» ва «Ота Макон», ки дар порлумони пешин нақши мухолифи давлатро мебозиданд, ба иттилои расмӣ, дар ин интихобот натавонистанд раъйи лозимиро ба даст оранд.
Интихоботи навбатии порлумонии Қирғизистон 4-уми октябр баргузор шуд. Дар он 16 ҳизб рақобат карданд. Тиқби иттилои пешакӣ, ба порлумони Қирғизистон танҳо чор ҳизб — «Биримдик» (24.52%), «Мекеним Қирғизистон» (23.91%), «Қирғизистон» (8.74%) ва «Бутун Қирғизистон» (7.08%) роҳ ёфтанд.
Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порлумонии Қирғизистон рӯзҳои наздик эълом хоҳад шуд.
Мухолифон алакай эълон карданд, ки натиҷаҳои ин интихоботро қабул надорадн ва таъкид доштанд, барои қонуншиканиҳо дар интихобот тазоҳурот баргузор хоҳанд кард.
Дирӯз дар майдони Ала-Тоо шаҳри Бишкек сокинони норозӣ аз натиҷаҳои интихобот ба тазоҳурот даст заданд. Мардум аз мақомот талаб доранд, ки натиҷаҳои интихоботро бекор кунанд. Роҳбарони ҳизбҳои сиёсие, ки ба парлумони кишвар роҳ наёфтанд, эълон намуданд, ки барои бекор кардани натиҷаҳои интихобт нируҳои худро якҷо хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ