Аз пагоҳ Қазоқистон сарҳадҳояшро барои шаҳрвандони хориҷӣ мекушояд. Фақат ба як шарт…

Аз пагоҳ Қазоқистон сарҳадҳояшро барои шаҳрвандони хориҷӣ мекушояд. Фақат ба як шарт…

  • Post category:Ҷаҳон

Барои шаҳрвандни хориҷие, ки марзи Қазоқистонро бидуни санади ташхиси манфӣ аз COVID — 19, ки 72 соат пеш аз лаҳзаи убур гирифта шуда бошад, аз 6 октябр вуруд ба Қазоқистон манъ мешавад, гуфта мешавад дар қарори сарпишизки кишвар.
«Барои нафароне, ки шаҳрванди Қазоқистон нестанд, бе санади ташхиси манфӣ аз коронавирус, ки на пештар аз 72 соат то вақти убури марз гирифта шуда бошад, иҷозаи вуруд дода намешавад» , — омадааст дар қарор, ки 6 октябр амалӣ мешавад.
Ин қонун ба намояндагони ҳайъатҳои расмии давлатҳо ва ширкатҳои байналмилалӣ, ки бо даъвати Вазорати умури хориҷаи кишвар меоянд; намояндагони дипломатии ҳукумат ва идораҳои консулӣ, ки дар кишвар сабти ном шудаанд ва аҳли хонаводаи онҳо, ҳамчунин шахсоне, ки ба ҳамлу нақли тарнзитӣ тавассути худрав машғул ҳастанд, дахл надорад.
Шаҳрвандони Қазоқистон ҳини ворид шудан ба кишвар дар муддати ду шабонарӯз барои муайян кардани ташхиси COVID — 19 ба карантин фаро гирифта мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ