Масъалаҳои ба соҳаи даромаднок табдил додани почта баррасӣ шуд


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон имрӯз, 5 октябр дар бораи ислоҳот дар системаи почтаи миллӣ маҷлис баргузор кард.
Раисҷумҳури кишварамон таъкид кард, ки бояд ин почта ба соҳаи даромаднок табдил ёбад. Ба гуфтаи Мирзиёев, бо роҳандозии ҳамкорӣ бо ширкатҳои хусусӣ, тақдими хидматрасониҳои иловагӣ зиёд кардани даромади почта мумкин аст.
Дар маҷлис таҷруба кардани ҳамлу нақл ба манзилҳо дар ноҳияҳо ва ҷорӣ кардани он аз 1 марти соли оянда дар маркази вилоятҳо ва аз 1 июл дар саросари кишвар ба нақша гирифта шуд. Барои ин ба роҳ андохтани системаи автоматики ахборотии қабул ва назорати бастаҳои фиристодашуда зарур аст.
Бино ба маълумот, дар 4 соли охир ҳаҷми ҳамкории ширкати давлатии “Ӯзбекистон почтаси” бо матбуот 3 баробар кам шуда ба 13 дарсад расидааст.
Ба масъулон барои пуштибонии нашрияҳо зарурии рушди системаи паҳн кардани матбуот ва ба роҳ андохтани обунасозии онлайн ба нашрияҳо таъкид шуд.
Мутасаддиларга босма нашрларни қўллаб-қувватлаш учун матбуот тарқатиш тизимини ривожлантириш, даврий нашрларга онлайн обуна хизматини йўлга қўйиш муҳимлиги таъкидланди.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ