Зарбулмасалҳои японӣ – аз теғ тезтар

Зарбулмасалҳои японӣ – аз теғ тезтар

  • Post category:Фарҳанг

Зарбулмасалҳои пурмаънои японӣ дар лаҳзаҳои душвори ҳаёт барои интихоби роҳи дуруст кӯмак мерасонанд. Муҳимаш – онро дуруст дарк намуда, ба вазъиятҳои зиндагӣ ҷорӣ намудан.
Барои ҷашн бегонаҳо меоянд, барои ҳамдардӣ – худиҳо.
Чизи зиёдатӣ – ташвиши зиёдатӣ.
Бе одамони оддӣ бузургон ҳам намешаванд.
Сипосгузориро ҳам мисли хафагӣ дер гоҳ дар ёд дор.
Дар ҷое, ки зӯрӣ ҳақ аст, ҳақиқат оҷиз мебошад.
Пурсидан – айби яклаҳзагист, аммо надонистан – айб дар тамоми ҳаёт.
Одами рост мисли бамбуки рост аст, кам дучор меояд.
Бадбахтӣ, ки омад – фақат ба худ такя кун.
Зану шавҳар бояд мисли дастону чашмон бошанд: вақте ки даст дард мекунад – чашмон мегирянд ва вақте ки чашмон мегирянд – дастон бояд ашкро пок кунанд.
Гоҳо чунин мешавад, ки варақ ғарқ мешавад, вале санг шино мекунад.
Аз як нафар генерал ёфтан даҳ ҳазор аскар ёфтан осонтар.
Фикр карда қарор кун, лекин қарор, ки кардӣ – фикр накун.
Дар роҳ ҳамсафар лозим, дар ҳаёт дӯст.
Аз аҳмақ дида хавфноктар душмане нест.
Шахси равандаро нигоҳ надор, шахси омадаро марон.
Бадбахтӣ мисли либоси дарида аст, бояд дар хона гузошт.
Ҳафт бор афтодӣ, ҳашт бор бархез.
Офтоб шахси ҳақро намедонад, офтоб шахси ноҳақро намедонад. Офтоб бе мақсаде, ки касеро сӯзонад, нур мепошад. Касе, ки худро ёфтааст мисли офтоб аст.
Дар хонае, ки ханда ҳаст, бахт меояд.
Чойи сӯзон ва биринҷи сӯзонро метавон тоқат кард, аммо нигоҳи сӯзон ва гапи сӯзон – тоқатнопазир аст.
Агар муаммо ҳалкунанда аст, барои он набояд ба ташвиш омад, агар ҳалнопазир аст, ба ташвиш омадан бефоида.
Шахси аҳмақ мекӯшад, ки хатояшро ҳақ нишон диҳад, шахси хуб ба ислоҳи он ҳаракат мекунад.
Муаллими дили худ шудан – ба дилат имкон надеҳ, ки муаллими ту шавад.
Гоҳо як лаҳза қиматтар аз ганҷина аст.
Панҷоҳи имрӯз беҳтар аз сади фардо.
Савдогари хуб якбора тамоми маҳсулотро ба намоиш намегузорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ