Абдулазиз Комилов бо Сергей Лавров сӯҳбати телефониро анҷом доданд


Абдулазиз Комилов ва Сергей Лавров, вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Русия сӯҳбати телефониро анҷом доданд.
Дар сӯҳбат масъалаҳои омодагӣ ба тадбирҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар моҳи октябри соли ҷорӣ баррасӣ шуд. Ҳамчунин, масъалаҳои муҳимми рӯз аз мавзӯъҳои мулоқоти вазирон буд.
Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон аз 1 январи соли ҷорӣ раисии ИДМ-ро бар уҳда дорад. Рӯзҳои 15-16 октябри соли ҷорӣ таҳтии раисии Ӯзбекистон ҷамъомадҳои вазирони корҳои хориҷӣ ва сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ дар шакли видеоконфронс баргузор мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ