Дар бетартибиҳои Бишкек садҳо нафар захмӣ шуданд


Дар натиҷаи задухӯрди эътирозгарон ва кормандони пулис дар Бишкек тақрибан 600 нафар захмӣ шуданд ва 150 нафар аз онҳо ҳоло дар бемористонанд. Як нафар аз захмишудагон кушта шуд. Тақрибан 20 нафар дар бахши эҳё (реаниматсия) ҳастанд.
Задухӯрди эътирозгарони норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ ва пулис тамоми шаби гузашта идома ёфт. Субҳ эътирозгарон ғолиб шуданд ва бинои порлумониро зери тасарруф дароварданд. Онҳо дар назди бино чандин автомобилро оташ задаанд.
Эътирозгарон раисҷумҳури собиқ – Алмазбек Атамбоев, нахуствазири собиқ – Сапар Исаков ва Садир Ҷапаров – намояндаи собиқро озод карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ