Трамп ба Кохи Сафед баргашт

Трамп ба Кохи Сафед баргашт

  • Post category:Ҷаҳон

Президенти ИМА Доналд Трамп аз беморхона баромада, ҳангоми ба Кохи Сафед баргаштанаш гуфт, ки худро хуб ҳис мекунад.
«Хеле хуб», гуфт Трамп дар ҷавоб ба саволи хабарнигор дар бораи вазъи саломатии ӯ.
Баъдтар роҳбари ИМА бо як навори видеоӣ баромад ва вазъи худро муфассал шарҳ дод.
«Ман медонам, ки хатар вуҷуд дорад. Ҳоло хуб ҳастам. Шояд дар маниммунитет ҳаст?! Нагузоред, ки вирус ҳаёти шуморо забт кунад! Ба кӯчаҳо бароед, эҳтиёт шавед, доруи мо беҳтарин дар ҷаҳон аст … ва ваксина ба зудӣ омода хоҳад шуд », — гуфт Трамп.
Трамп, ки рӯзи душанбе аз бемористоне дар наздикии Вашингтон ҷавоб шуд, се рӯз бо ташхиси коронавирус дар муассисаи тиббӣ табобат гирифт. Дар хабар гуфта мешавад, ки ӯ табобатро дар қароргоҳи худ идома хоҳад дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ