Дар вилояти Самарқанд ҳама мактабҳо ба таълими анъанавӣ гузаштанд

Дар вилояти Самарқанд ҳама мактабҳо ба таълими анъанавӣ гузаштанд. Ҳоло машғулотҳо танҳо барои синфҳои ибтидоӣ мебошанд.
Дар шароити пандемия, барои нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ ва амал кардан ба қоидаҳои карантин, хонандагони ҳар як синф ба ду гурӯҳ тақсим карда шуда дарс мегузаранд.
То имрӯз ба 1255 мактаби вилоят 2355 дона пирометр, 87,9 литр воситаи антисептикӣ, 879 268 ниқоби тиббӣ расонида шудааст. Синфхонаҳо дар як рӯз 2-3 маротиба дезинфексия карда мешаванд. Хонандагон ба мактаб бо роҳи чен кардани ҳарорати баданашон мувофиқи талаботи санитарӣ қабул карда мешаванд.
Дарсҳои анъанавии синфҳои болоии мактабҳои вилоят тадриҷан моҳи октябр оғоз хоҳанд шуд. Машғулиятҳо низ вобаста ба хоҳиши волидон анъанавӣ ва онлайн гузаронида мешаванд.

Хуршида ЭРНАЗАРОВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ