20 нафар зан ба донишгоҳи давлатии Самарқанд бо имтиёз дохил шуданд

20 нафар зан ба донишгоҳи давлатии Самарқанд бо имтиёз дохил шуданд


Донишгоҳи давлатии Самарқанд 20 нафар бонуро мувофиқи фармони раисҷумҳур (2 марти соли 2020) бар асоси гранти давлатӣ ба таҳсил қабул кард.
Рӯзи 5 октябр роҳбарони ДДС ба хонаҳои ин бонувон ташриф оварданд ва онҳоро ба муносибати қабул ба донишгоҳ табрик гуфтанд. Ҳамчунин, ба онҳо тӯҳфаву табрикномаи ректор супурда шуд.
Як нафар аз ин бонувон сокини Ҷумҳурии Қорақалпоқистон мебошанд. Дигарон аз ноҳияҳои Самарқанд (2), Пайариқ (3), Пастдарғам (5) Қӯшработ (6), Иштихон (1) ва Булунғур (2) мебошанд.
Ёдовар мешавем, имсол дар саросари Ӯзбекистон 940 нафар зан бар асоси квотаи иловагӣ донишҷӯ шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ