Воридшавии шаҳрвандони Қирғизистон ба Ӯзбекистон маҳдуд шуд

Воридшавии шаҳрвандони Қирғизистон ба Ӯзбекистон маҳдуд шуд


Ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи маҳдуд кардани воридшавии шаҳрвандони Қирғизистон ба кишвар қарор қабул карданд. Дар ин бора Регнум ба нақл аз маркази матбуотии хадамоти сарҳадии Қирғизистон хабар дод.
Аммо он шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар Ӯзбекистонанд, метавонанд озодона ба ватан баргарданд. Ҳамчунон, шаҳрвандони Ӯзбекистон низ метавонанд аз Қирғизистон бе мушкил баргарданд.
Илова бар ин, ҳамлу нақли бор дар миёни ду кишвар бе маҳдудият идома дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ