Маҳсулоти тайёр

Маҳсулоти тайёр

  • Post category:Иқтисод

ба аврупоиён низ расонида мешавад

Гилемҳои абрешимие, ки аз рангҳои табиӣ истифода бурда, бо даст мебофанд, ба тоифаи чизҳои ноёб дохил карда шудаанд. Рангҳо ва нақшҳои бетакрору аҷиби онҳо шавқи харидори ихтиёрӣ, аз ҳама беш хориҷиёнро ҷалб мекунад. Аз ҳамин сабаб гилемҳои абрешимии нафис асосан ба хориҷа содирот мешавад. Нархи гилемҳое, ки дар давоми шаш моҳ ва ҳатто то як сол бо даст мебофанд, арзон нест, албатта.
Дар ҶММ «Оқдарё ипаги» («Абрешими Оқдарё»), ки чунин гилемҳо истеҳсол мекунад, бо таъмини шуғли зан ва духтарон барои беҳтар гардидани некӯаҳволии оилаҳо саҳм мегузоранд.
– Дар соли 2017, ки корхона фаъолияти худро оғоз карда буд, бо коркарди пилла машғул будем, – гуфт раиси ҷамъияти мазкур Ғулом Одилов. – Барои ин ба ивази кредити Бонки халқӣ аз Хитой дастгоҳҳои аз нав коркард овардем. Дар натиҷа ҳар сол 250 тонна пилларо аз нав коркард карда, содироти ашёи хоми нимтайёр – нахи абрешимро ба роҳ мондем. Дар соли 2017 ба хориҷа 440 ҳазор, соли 2018 бошад, 970 ҳазор ва дар соли гузашта 1 миллиону 89 ҳазор долларина маҳсуот фурӯхтем. Дар даври гузаштаи соли равон ин нишондиҳанда 850 ҳазор долларро ташкил карда бошад, ният дорем, ки то охири сол ба 1 миллиону 250 ҳазор доллар расонем. Чунки соли равон на танҳо пиллаи дар Оқдарё, балки дар ноҳияи Тайлоқ расонидаро низ қабул карда гирифтем. Яъне, имсол имконият дорем, ки 400 тонна пилларо аз нав коркард кунем. Аз ҳамин сабаб, қаблан маҳсулотро танҳо ба Хитой содирот карда бошем, акнун ба Тоҷикистон ҳам фиристоданро сар кардем.
Зан-­духтароне, ки дар корхонаи мо кор мекунанд, ба ҳисоби миёна 1,5–2 миллион сӯм маош мегиранд. Нақлиёти махсус онҳоро ба кор бурда меорад.
– Моҳи апрели соли равон фаъолияти сехеро, ки гилеми абрешимӣ мебофанд, ба роҳ мондем, – суханашро давом дод Ғ. Одилов. – Ба гилемҳои беш аз даҳ нусха бофташуда аз Эрон ва Туркия супоришҳо гирифтем. Бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот касаначигиро ба роҳ монданием. Занҳо дар хонаашон баробари иҷрои кори рӯзгор, аз ашёи хоми мо метавонанд гилем бофанд. Имрӯзҳо қариб 100 нафар занҳо дар асоси анъанаи устоду шогирдӣ асрори гилембофиро меомӯзанд.
Ҷамъият ба қарибӣ пиллахонаи пункти пахтаи Янгиқӯрғонро бо шарти пардохт дар давоми 20 сол харида гирифт. Дар ин ҷо аллакай қисми якуми дастгоҳҳо барои истеҳсоли нахи абрешим гузошта шуданд. Дар сехе, ки аз соли оянда истеҳсоли маҳсулот оғоз мешавад, беш аз 40 ҷойи корӣ ташкил мегардад. Аз рӯйи нақша, дар се соли оянда ба хориҷа танҳо маҳсулоти тайёр бароварда, ба аврупоиён низ расонида мешавад.

Матни ва сурати Б.МУСТАНОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ