Истифодаи сохтори кредит – модул ва сифати таълими технологӣ

Истифодаи сохтори кредит – модул ва сифати таълими технологӣ

  • Post category:Иқтисод

Маълум аст, ки ҳоло ҷараёни замонавии интегратсия ба сохтори таълим низ таъсири худро мерасонад. Барои баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои миллӣ, ба сохтори таълими байналмилалӣ аъзо шудан, зарур аст, ки шарту шароитҳои ба талаботи сохтори байналмилалӣ моси оянда фароҳам оварда шавад.
Мувофиқи «Консепсияи ривоҷдиҳии сохтори таълими олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон то соли 2030», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 8-уми октябри соли 2019 тасдиқ шудааст, «харитаи роҳ»-и то соли 2030-юм зина ба зина ба сохтори кредит – модул гузаштани 85 фоизи муассисаҳои таълими олии (МТО) мамлакатамон таҳия карда шуд. Мисол, дар соли таҳсили 2020–2021 ба сохтори кредит-­модул гузаштани беш аз 33 МТО ба нақша гирифта шудааст. Дар МТО-и мазкур ҷорӣ намудани асосан сохтори кредит – модули ECTS пешбинӣ шудаанд.
Яке аз сохторҳои байналмилалии таълим, ки ҳоло аҳамияти калони ба худ хос дорад, сохтори таълими Болоня ба ҳисоб меравад.
Дар Ӯзбекистон баъзе шартҳои ҷараёни Болоня иҷро карда шудаанд. Мисол, ба сохтори таълими олии аз ду зина иборат – бакалавриат ва магистратура гузаштаанд. Дар зинаи навбатӣ истифодаи қоидаҳои сохтори Европоии ҷамъоварӣ ва интиқоли кредит, дар амалиёт татбиқ кардани механизмҳои амалӣ кардани фаъолияти самараноки донишҷӯён, педагог ва ходимони маъмурият, таҳияи сохтори миллӣ ва соҳавии такмили ихтисос (рақамҳои квалификатсионӣ) пешбинӣ шудаанд.
Бояд алоҳида таъкид кард, ки дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ба системаи таълими кредитӣ – модулӣ гузашта истодаанд. Аз ҷумла, ҳоло дар кафедраи «Фанҳои умумитехникӣ ва технологияҳо»-и мо 17 нафар профессору омӯзгорон ба донишҷӯён таълим медиҳанд. Як нафари омӯзгорон доктори фанҳои техникӣ, профессор, 7 нафари онҳо бошанд, дотсент-­омӯзгорони дараҷаи илмӣ дошта мебошанд. Имрӯзҳо ҷараёни масофавӣ барои омӯзондани фанҳои кафедра, ки ба истифодаи технологияҳои ахборӣ-­коммуникатсионӣ асос ёфтааст, бо муваффақият истифода бурда мешаванд, Аз ҷумла, истифодаи пурраи сохтори таълими moodle ба роҳ монда шудааст. Барои донишҷӯён имконияти бемаҳдуди истифода аз маҷмӯи шакли электронии адабиётҳо фароҳам оварда шудааст. Барои баланд бардоштани сифати таълим дар сохтори кредитӣ-­модулӣ имконияти истифодаи технологияҳои замонавии таълим васеъ мешаванд. Ҳоло дар даври карантини пандемияи коронавирус лозим меояд, ки аз сохторҳои «Таълими масофавӣ» ва «Онлайн таълим» васеъ истифода бурда шавад.
Асоси таълими масофавиро кори мустақилонаи талабаҳо, дидани маърӯза ва вебинарҳо, иҷрои супоришҳову ба омӯзгор фиристодани онҳо ва мулоқот бо омӯзгор ба воситаи почтаи электронӣ ташкил мекунад.
Онлайн таълим бошад, давоми мантиқии таълими масофавӣ аст. Дар он мушғулотҳои таълимӣ ба таври мустақим бурда шуда, донишҷӯён дар ҷараёни таълим бевосита иштирок мекунанд. Аъзои кафедра дар таълими фанҳо аз ҳар ду навъи таълим истифода мебаранд. Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019–2020 ба туфайли карантини баъди 15-уми март ҳамаи фанҳо бо ёрии сохтори moodle таълим дода шуданд. Ҳангоми истифода аз ин сохтори таълим баробари муваффақиятҳо баъзе норасоиҳо низ мушоҳида карда шуданд. Мисол, пурра назорат кардани донишҷӯён душвор шуд, чунки баъзе донишҷӯён дар сохтори moodle ба машғулоти ҳамаи фанҳо як маротиба даромада, исбот кардани шуданд, ки ба ҳамаи дарсҳо иштирок кардаанд, боз яке аз login-­parol ба сохтори moodle дохил шуда, тестҳои донишҷӯйро ҳал кард, ки дар натиҷа робитаи зиндаи байни донишҷӯ ва омӯзгор канда шуд. Барои он ки дар ҳамаи донишҷӯён таҷрибаи кори мустақилона набуд, рӯбардорӣ зиёд шуд. Дар ноҳия ва ҷойҳои дурдасти ҳамаи вилоятҳо сохтори интернет нағз кор намекунад. Таълими масофавӣ бештар ба забони ӯзбекӣ буд, ин барои донишҷӯёне, ки ба забони тоҷикӣ таҳсил мегирифтанд, душвориҳои маълумро ба миён овард, азбаски омӯзгор вақти бештари худро дар назди интернет мегузаронд, ин ба саломатиаш таъсир мекард, (мисол, чашмаш дард кард), истифода аз интернет барои донишҷӯ ҳам, омӯзгор низ ба душвории моддӣ овард ва ҳоказо. Аммо бояд таъкид кард, ки дар шароити пандемия истифода аз таълими масофавӣ, аз ҳама беш сохтори кредит-­модул талаби давр шуда монд. Барои ҳамин дар кафедраи мо дар навбати аввал корҳои тайёриро барои ба сохтори кредит-­модул гузарондани ҳамаи фанҳое, ки дар бахши якум таълим дода мешаванд, анҷом медиҳанд. Афзалияти ин сохтор дар он аст, ки агар донишҷӯй баъди якто модул ба саволҳои тест посух дода натавонад, ин бошад, аз донишҷӯ омӯзиши мустақилонаро талаб карда, ба беҳтар шудани сифати таълим имконият фароҳам меорад. Омӯзгорони кафедраамон барои ба сохтори кредит-­модул гузарондани ҳамаи фанҳо корҳои назаррасро амалӣ мекунанд. Фанҳое, ки дар кафедраи мо таълим дода мешаванд, барои бахши 2, 3 ва 4 ба сохтори модул дохил карда, ба сохтори таълими масофавӣ гузаронда мешавад. Азбаски ҳамаи фанҳое, ки дар самти таълими технологияҳо омӯзонда мешаванд, барои дар онҳо гузарондани амалиёт пешбинӣ шудаанд. Дар кафедра барои самаранок гузарондани вақти холии донишҷӯён ва дар амал истифода бурдани дониши назариявии онҳо маҳфилҳои «Дарздӯзӣ», «Дуредгарӣ» ва «Дас­тони моҳир» самаранок фаъолият мебаранд. Инчунин, бо ин мақсад амалиёти малакавӣ ва истеҳсолии донишҷӯёнро дар корхонаҳои бонуфузи вилоятамон мегузаронанд. Мисол, дар корхонаи хусусии «Мароқанд-­мебел»-и ноҳияи Самарқанд, ҶММ «Зарафшон-­Текстил» ва корхонаи «Самарқанд – Бухоро ипак гиламлари»-и шаҳри Самарқанд, «Маркази омӯзиши касбу ҳунар»-и муштараки ӯзбекистониву кореягӣ, ҶММ «Афросиёб-­JEANS» ва ҶММ «Dakkatexst»-и шаҳри Самарқанд.
Донишҷӯёни бахшҳои хатмкунанда амалиёти педагогии худро дар мактабҳои таълими умумии миёнаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд мегузаронанд.
Профессору омӯзгорони кафедраамон бахшида ба 600-солагии донишгоҳ 3 дастурамали таълимӣ ва 2 китоби услубиро барои чоп ба нашриёти донишгоҳ супурданд. Мо мақсад дорем, ки таълими олиро аз ҷиҳати сифат ба зинаи нав бароварда, мутахассисони баландмалакаеро, ки дар бозори меҳнатӣ барои барқарор ривоҷёбии соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиёт ҷойи худро ёфта метавонанд, тайёр кунем.
Корҳои амалишуда ва ба нақша гирифта дар маводҳои конфронси илмӣ-­амалии ба 600 солагии ДДС бахшида акси худро меёбанд.
Ба ҷойи хулоса, ҳаминро бояд таъкид кард, ки то ҳол Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба сифати вориси Академияи Улуғбек манбаи дониш шуда омад ва барои дар миқёси ҷаҳон баланд бардоштани обрӯйи донишгоҳ корҳои назаррас амалӣ карда мешаванд.

М.РАҲМАТОВ,
дотсенти кафедраи «Фанҳои умумитехникӣ ва технологияҳо»-и ДДС.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ