Аҷоибот: Истеҳсолкунандагони сигор дар мубориза бо сигоркашӣ ба ҳукумати Индонезия ёрӣ медиҳанд

Аҷоибот: Истеҳсолкунандагони сигор дар мубориза бо сигоркашӣ ба ҳукумати Индонезия ёрӣ медиҳанд

  • Post category:Ҷаҳон


Суламӣ Баҳор, раиси Анҷумани ширкатҳои истеҳсолкунандаи сигори Индонезия барои мубориза бо сигоркашии наврасон ба ҳукумати кишвар ёрӣ медиҳад. Дар ин бора Антара Antara хабар медиҳад.
Сулами Баҳор гуфт, “Мо дар роҳи коҳиш додани паҳншавии сигоркашӣ дар миёни наврасон ҳукуматро пуштибонӣ мекунем. Худи мо – намояндагони саноати сигор инро (сигоркашии наврасонро – Овози Самарқанд) намехоҳем, чун, мо ба қарорҳои ҳукумат пайравӣ мекунем.
Бино ба маълумот, сигоркашӣ дар миёни наврасони Индонезия дар соли 2018 то 9,1 дарсад зиёд шудааст.
Ба гуфтаи Баҳор, нархи қимати сигорҳо коҳиш додани сигоркашии наврасонро кафолат намедиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ