Дар ноҳияҳо ҷамъоварии пахта сар шуд

Имсол пахтакорони ноҳияи Оқдарё аз 5761 гектар майдон ҷамоварии 16250 тонна пахтаро ба нақша гирифтаанд. Ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна 28,2 сентнерро ташкил медиҳад.
Аллакай аз 204 хоҷагии фермерии ноҳия дар 10-тоаш ба ҷамъоварии ҳосил шурӯъ карданд. Ҳокими ноҳия Н. Сулаймонов ба саҳро ташриф оварда, ба масъулин оид ба беҳтар намудани шароит барои чинакчиён супоришу тавсияҳо дод.
Бо мақсади муташаккилона гузаронидани мавсим имсол 157 дастаи ҳосилғундор ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 9823 нафар чинакчиён, аз ҷумла 5498 нафар коргарони хоҷагиҳои фермерӣ ва 4325 нафар шахсони номуташаккил мебошанд.
Ғайр аз ин, 42 корманди бонкҳо, 55 воситаҳои нақлиётӣ барои чинакчиён, 138 дона мошини пахтакашонӣ ва 224 притсеп ба мавсими пахтачинӣ вобаста карда шуданд.
Бояд гуфт, ки то санаи 5-уми октябри соли ҷорӣ дар вилоят 49724 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки ин 23,1 фоизи нақшаи шартномавиро ташкил мекунад.

***

Деҳқонони ноҳияи Нарпай дар майдони 10762 гектар пунбадонаи навъи «Бухоро‑102» ва «Султон»-ро кишт намуда, ба хирман супурдани 33430 тонна «тиллои сафед»-ро аҳд карданд.
Дар хоҷагиҳои муқобили машинаву трактори ба номи Ислом шоир, Ойбек ва Улуғбек, ки дар доманакӯҳи Қаротов ҷойгиранд, ҳосили хуб парвариш ёфт. Якчанд хоҷагиҳои фермерӣ вазифаи ба зимма гирифтаашонро дар 4–5 рӯз иҷро намуданд. Хоҷагии ба номи Улуғбек аз майдони 495 гектар дар чинаки якум то 35 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд. Хоҷагиҳои фермерие, ки Исомиддин Зиёев ва Ҷамшед Орзуев сарварӣ мекунанд, дар ноҳия нақшаро аввалин шуда барзиёд иҷро карданд. Чинакчиён Турсунтош Муродова, Зуҳро Ҷумъаназарова, Дилфуза Муҳаммадиева, Умеда Бобоқулова, Маҳлиё Ҳикматова дар як рӯз ба хирман 150–160 килограммӣ пахта месупоранд.
Иттифоқи касабаи хоҷагии қишлоқи ноҳия чинакчиён ва раисони хоҷагиҳои фермерии пешқадамро бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо қадр менамояд.

Тоҳир НОРҚУЛОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ