Қабули сайёр

Қабули сайёр

  • Post category:Ҷамъият

ба ҳалли муаммоҳо ёрӣ мерасонад

Дар маркази маҳаллаи қишлоқи Рустами ноҳияи Самарқанд ҳокими ноҳия Носир Мавлонов барои сокинони маҳаллаҳои Оқмасҷид, қишлоқи Рустам, Раҷабамин ва Қозиқӯрғон қабули сайёр гузаронд.
– Мақсади вохӯрии имрӯза баррасии масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва муаммоҳои шумо аст. Мехоҳем фаҳмем, ки тарзи зиндагонӣ ва шароити оиладорӣ чӣ тавр аст. Чунки дар давраи пандемия ва карантин зиндагӣ ва шароити аҳолӣ андаке ба баъзе душвориҳо дучор шуд, – гуфт ҳокими ноҳия.
Баъд ҳозирон, ки зиёда аз сад нафар буданд, бо навбат арзу муаммоҳои худро баён карданд. Аз ҷумла, Дилшода Норова (бо масъалаи қарори замин), Аминов Искандар (дар чорраҳаи маҳаллаи Раҷабамин гузоштани сечароғ), Муҳаррам Хӯҷақулова (бо масъалаи беморӣ), Нодира Турсунова, Низом Амриев, Ислом Акрамов, Ҷамшед Ҳомидов, Илҳом Мирзоев (бо масъалаҳои ободии деҳа, гази табиӣ ва моеъ), Мустаҳкам Ҳабибова (дар хусуси ободии масҷид), Нилуфар Отақулова, Шоҳсанам Раҳмонова, Фарида Бозорова, Зарина Нус­ратова (бо масъалаи хонаю ҷой ва кор), Гулзира Эшонқулова ва Шамсӣ Эшонқулов, Нодир Қаюмов, Фурқат Ҳакимов (бо муаммоҳои набудани газ, автобус) муроҷиат карданд.
Ҳоким ба роҳбарони корхонаҳою ташкилотҳои дахлдор барои ҳалли ин муаммоҳо супориш дод.
Дар қабули сайёр роҳбари шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия Аминҷон Тошев, ҷонишинҳои ҳоким Искандар Комилов ва Саид Мардонов ҳозир буданд.

Толиб ЮНУСЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ