Забони модарӣ — сарвати бебаҳои маънавӣ

Забони модарӣ — сарвати бебаҳои маънавӣ

  • Post category:Фарҳанг

Касе, ки латофат, ҷозиба, иқтидор ва имкониятҳои беинтиҳои забони ӯзбекиро ҳис кардан мехоҳад, бигузор, аллаҳои модарони мушфиқ, достонсароии ҳазорсола, мақомҳои абадзинда, сурудҳои бахшию ҳофизони моро гӯш кунад.

Шавкат МИРЗИЁЕВ.

Имсол 31-солагии ба забони ӯзбекӣ дода шудани мақоми давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳарчанд ин муддат дар назди таърих мӯҳлати кӯтоҳ аст, дар тӯли солҳои сипаригардида нуфузу обрӯйи забон зиёд шуд, дар миқёси ҷаҳон теъдоди онҳое, ки бо ин забон ҳарф мезананд, қариб ба 50 миллион нафар расид.
Биноан, забони ӯзбекӣ дар минбарҳои байналхалқӣ хуб танинандоз мегардад, дар мамлакатҳои хориҷӣ эътибор ва таваҷҷӯҳ ба омӯхтани он пурзӯр мешавад. Барилова, дар қатори дигар забонҳои Шарқ таълим додани забони ӯзбекӣ дар донишгоҳҳои беш аз 10 мамлакат, мисли ИМА, Кореяи Ҷанубӣ, Хитой, Ҷопон, Туркия, Украина, Русия, Озарбойҷон дили моро аз ифтихор лабрез месозад.
Воқеан, мероси фарҳангии ҳар як мамлакат ба забони ӯ иртиботи ногусастанӣ дорад. Ба ин маънӣ, ҷашнвораю анҷуманҳои байналхалқие, ки дар кишварамон таҳти унвонҳои «Таронаҳои Шарқ», анҷумани мақом, «Санъати байналхалқии бахшиёна» ва Ҷашнвораи байналхалқии ҳунармандӣ баргузор мегарданд, низ ба афзудани обрӯю эътибори Ӯзбекистон ва танинандоз гардидани забони ӯзбекӣ дар ҷаҳон саҳм мегузоранд. Суханони Президент Шавкат Мирзиёев дар ин хусус сазовори диққатанд: «Касе, ки латофат, ҷозиба, иқтидор ва имкониятҳои беинтиҳои забони ӯзбекиро ҳис кардан мехоҳад, бигузор, аллаҳои модарони мушфиқ, достонсароии ҳазорсола, мақомҳои абадзинда, сурудҳои бахшию ҳофизони моро гӯш кунад».
Солҳои охир ба туфайли эътибор ба забони ӯзбекӣ мавқеи он боз ҳам баланд шуда, соҳиби мақоми воло ва асоси мустаҳками ҳуқуқӣ гардид. Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 21-уми октябри соли 2019 «Дар бораи чорабиниҳо роҷеъ ба куллан афзудани нуфуз ва мавқеи забони ӯзбекӣ ба сифати забони давлатӣ» ислоҳотро дар ин самт ба зинаи нав бардошт. Бар асоси фармони мазкур дар сохтори Девони Вазирон Департаменти рушди забони давлатӣ, бобати ба истеъмоли расмӣ даровардани калимаву истилоҳҳои аз нигоҳи илмӣ асосноккардашуда, ҳамчунин, дар лоиҳаҳои асноди қонунӣ риоя намудан ба меъёр ва қоидаҳои забони адабӣ, қоидаҳои ҳуқуқию техникӣ ва дигар қоидаҳои махсус, Комиссияи истилоҳҳо созмон дода шуданд.
Аҳамияти дигари фармони мазкур дар он аст, ки бар асоси қарори Девони Вазирон, аз 20 январи соли 2020 дар ҳамаи мақомоти давлатӣ, вазорат ва созмонҳои ба онҳо дахлдор бо мақсади афзудани самарадории маънавию маърифатӣ, таъмини риоя ба ҳуҷҷатҳои қонунмандӣ дар бораи забони давлатӣ вазифаи мушовир ҷорӣ карда шуд. Ҳам акнун мушовирони забони давлатӣ дар корхонаҳое, ки худ кору фаъолият доранд, ба масъалаҳои афзун гардондани самарадории корҳои маънавию маърифатӣ, таъмини риоя ба қонуни забони давлатӣ масъуланд.
Бояд эътироф кард, ки дар солҳои сипаригардида эътибор ба ифтихори миллӣ — забони давлатӣ андаке суст шуда буд. Бар асари ин дар корбарии мақомот ва созмонҳои давлатӣ як қатор камбудиҳое ба назар расиданд, ки ба риоя накардан ба қонуни забони давлатӣ иртибот доранд. Ба мақсади бартараф намудани камбудиҳое, ки ба корбарӣ бо забони давлатӣ вобаста буданд, аз ҷониби Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи даровардани иловаҳо ба моддаи 42-юми Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ» коркард шуд. Муаллифи лоиҳа ба моддаи 42-юм пешниҳоде ворид намуд, ки ин аст: агар ба талабҳои ҳуҷҷати қонун дар бораи забон дар мақомот ва созмонҳои давлатӣ риоя карда нашавад, ба шахсони мансабдор ба миқдори аз ду то панҷ баробари ҳисобкунии пойгоҳӣ ҷарима ситонда шавад. Лоиҳаи қонуни мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди муҳокимаи шадид қарор гирифт.
Бино ба моддаи 10-уми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ» пешбинӣ шудааст, ки дар корхона, муассиса, созмон ва иттиҳодияҳои ҷамоатӣ корбарӣ, ҳисобу китоб, ҳуҷҷатҳои омору молия бояд бо забони давлатӣ сурат гирад. Бино бар ин, дар Нозироти давлатии карантини растаниҳо ҳоло корбарӣ, табодули маълумоти байниидоравӣ пурра бо забони давлатӣ ба амал татбиқ мегардад. Хоссатан, дар фаъолияти кории нозирот фарҳанги 5-ҷилдаи тафсирии забони ӯзбекӣ, ки беш аз 80 ҳазор калимаю ибораро дар бар мегирад ва китоби такмилдодаи «Корбарӣ бо забони давлатӣ» васеъ истифода бурда мешавад. Манбаъҳои мазкур, дар мавриди корбарӣ ва табодули ҳуҷҷатҳои байниидоравӣ, ба сифати кори нозирот меафзоянд.
Маълумоти дигар: шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2020 ба мақсади афзудани маҳорату таҷриба, дониши назарию амалии хидматгузорони давлатӣ доир ба меъёрҳои забони адабии ӯзбек, имлои алифбои лотиниасоси ӯзбек, асосҳои корбарӣ бо забони давлатӣ, навиштани ҳуҷҷатҳои расмӣ дар Маркази таълими асосҳои корбарӣ бо забони давлатӣ ва такмили малакаи назди Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки ба номи Алишер Навоии Тошканд курси таълимӣ ташкил дода шуд. Ба курсҳои такмили малака барои таълим даставвал ходимони Нозироти карантини растаниҳои назди Девони Вазиронро ҷалб карданд. Пешбинӣ шудааст, ки рӯзҳои наздик барои ходимони Маркази илмии карантини растаниҳо, ҳамчунин, нозироти давлатии карантини растаниҳои Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд низ чунин курсҳо ташкил дода мешаванд.
Бино ба таъбири роҳбари давлат, дар марҳилае, ки ба бедории нави Ӯзбекистон — Эҳёи сеюм асос гузошта мешавад, чунин ба назар мерасад, ки дар эътибори бузург ва эътирофи забони ӯзбекӣ маънии рамзие нуҳуфта аст. Зеро модоме, ки ҷараёни афзудан ба қадру қимати забони ӯзбекӣ идома пайдо мекунад, дар ҷамъиятамон илм ривоҷ меёбад, сатҳи маънавӣ баланд мешавад, ҷойгоҳи забони ӯзбекӣ дар арсаи ҷаҳон мустаҳкамтар мегардад.

Бунёд НАСИМОВ,
мушовири сардори Нозироти давлатии карантини растаниҳо доир ба масъалаҳои забони давлатӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ