Зиндагӣ оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад…

Зиндагӣ оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад…

  • Post category:Ҷамъият

Мо дар сари кӯчаи мошингузар будем. Мотори мотороллери «Муравей»-и сечархаи боркаш хомӯш гардида, дар назди мо қарор гирифт. Дар сари рули он ҷавонзане буд. Болои ғарами тунукапораву халтаҳои картон ва баклашкаҳои мотороллер духтараки тахминан 15–16 сола менишаст.
Зан нишастгоҳи худро гирифта, ба як канор гузошт ва болои мотор сар хам кард. Бо калид барқдеҳи моторро кушода, тоза кард ва боз ба ҷояш гузошт.
Зан нигоҳи саволомези моро пай бурда, шарм дошт ва барои худсафедкунӣ гуфт:
– Зиндагӣ-­дия, амак, маҷбур одам ба ҳар гуна кор даст мезанад. Ризқу рӯзӣ. Охир одам хӯрдану пӯшиданаш даркор…
– Ҳа, рост мегӯед, хоҳар. Зиндагӣ оинаро мӯҳтоҷи хокистар мекунад, – ва ба бори болои нақлиёташ ишора карда пурсидем:
– Борро аз куҷо меоред?
– Аз сехи тунукабарорӣ. Омада дар ҳамин ҷо рӯбучин мекунем. Янтоқҳояшонро медаравем. Ҳама ҷоро ба тартиб медарорем. Баъд тунукаҳои буридаи бекора ва дигар чизҳоро бор карда, ба хона мебарем. Оҳану тунукаҳо бисёр шавад, баъд месупорем.
– Ҳамчун оҳан ба як килояш чандсӯмӣ медиҳанд?
– 500-сӯмӣ.
– Барои бо мотороллер гаштанатон ҳеҷ кас гап намезанад?
– Не-­ку. Ҳама мешиносанд. Ин дастёр – нондиҳак аст.
Аҳволи мотороллери кӯҳна хеле хароб ва бар замми ин дами як чархи қафои он кам буд.
Дар рафти сӯҳбат фаҳмидем, ки ӯ сокини маҳаллаи Гулободи ноҳияи Самарқанд Мавлуда Отабоева будааст. Номи дигараш Насиба. Шавҳараш касалии астма доштааст. Барои табобат дар беморхона пул лозиму онҳо имкон надоштаанд. Бо вуҷуди он, ба корҳои «частний»-и ҳархела машғул. Пагоҳӣ ба иҷрои ҳар гуна корҳо рафта, бегоҳӣ бармегаштааст. Онҳо ду нафар духтар – яке калону дигаре – хонандаи синфи 5-уми мактаб будаанд.
– Дар давраи карантин бисёр азоб кашидем, – нақл кард ӯ. – Рӯзҳои бенону ош монданамон ҳам шуд. Маҷбур, чӣ коре пеш ояд, кардам. Баклашка, коғазпора мечинам. Оҳанпора меғундорам. Хизмати аҳолии маҳалларо ба ҷо меорам. Дар ягон тӯю маърака ҷеғ назананд, ки «ягон хизмат бошад, ман кунам», – гуфта меравам. Ин кори ман айб не. Худам нахондам, ақаллан бачаҳоро хононам. Пештар дар боғчаву мактаб фаррош шуда кор мекардам. Ҳозир бо ин корҳо машғул. Зиндагӣ маҷбур мекунад. Ҳавлии мо ҳуҷҷат надорад. Ба қабули ҳокими ноҳия рафта будам. Он кас ба одамони масъул супориш доданд, ки кадастр карда диҳанд. Вале то ҳол онҳо ин корро накардаанд…
Мо оиди кӯмакрасонӣ ба ин гуна оилаҳо ба раиси ҷамъомади шаҳрвандони маҳалла Саодат Ғаниева занг задем.
– Мо Мавлуда Отабоеваро хуб мешиносем, – гуфт С. Ғаниева. – Зани бисёр чаққону меҳнатдӯст. Барои беҳбудии аҳволи зиндагониашон кӯшиш мекунанд. Онҳо бо модараш, ки зиндагонӣ мекунанд, ҳар чӣ ёрдаме аз дастамон ояд, расонида истодаем. Афсӯс, ки дар маҳалла оилаҳои аз онҳо ҳам ночортар ҳастанд…

Б.ҶУМЪАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ