Озон…

Озон…

  • Post category:Ҷамъият

Оё шумо аз насими форами субҳ ба серӣ нафас кашидаед? Дар ин вақт сабаби пайдошавии кайфияти хуб ва ғайрату шуҷоати инсон дар чист?
Сабаби асосии ин қабатҳои озонӣ мебошанд, ки онҳо нурҳои ҳалокатовари офтобро дар худ нигоҳ дошта, ҳаёти инсон ва ҷонзотҳоро аз он муҳофизат мекунад. Дар рӯйи замин озон мавҷуд нест. Вай аз 11-умин километри баландии рӯйи замин сар карда, то 50-51 километр доман паҳн кардааст.
Агар мо ба ҳосил шудани озон аз ҷиҳати илмӣ назар кунем, дар таъсири нурҳои ултрабунафши офтоб дар оқибати реаксияҳои фотокимиёвӣ молекулаҳои кислород боз як атоми кислородро ба худ гирифта, ба озон табдил меёбад. Намудҳои озон чӣ гуна аст? Дар натиҷаи раъду барқ ва борон озони фоиданок ва табиӣ ҳосил мешавад. Таъсири бади он ба инсон низ мавҷуд буда, вай аз дуди ғализи нақлиётҳо, гази партовҳои саноатӣ дар натиҷаи реаксияи фотокимёвӣ бо таъсири нури офтоб ҳосил мешавад. Ин хел озон дар мегаполисҳои калон ба вуҷуд омада, боиси душвории нафаскашии инсон, хастагии дил, сардард ва оқибатҳои нохуши бемориҳо мегардад. Озон хусусияти нобуд кардани микробҳоро дорад, аз ҳамин сабаб барои тоза кардани обҳои партовҳо, саноатӣ, нӯшиданӣ, нигоҳ доштани маҳсулотҳои хӯрока, ки дар анборхонаҳо маҳфузанд, сехҳои дӯзандагӣ ва соҳаҳои дигари ҷамъият кор мефармоянд.
Вақтҳои охир сӯрох шудани қабати озон тамоми инсониятро ба андеша меорад. Омилҳои асосии он омехтаҳои органикии фторхлорҳо яъне фреон ва аэрозолҳо мебошанд. Оқибат бемориҳои саратон, катарактаи чашм, пастшавии иммунитет ва дар натиҷа ҳолатҳои авҷи бемориҳои сироятӣ ба назар мерасад. Кам шудани озон аз ивазшавии иқлим низ вобаста аст. Дар навбати худ ба камшавии ҳосилдорӣ, хушксолӣ, норасоии маҳсулоти хӯрока ва гушнагӣ сабаб мешавад.
Моҳи сентябри соли 1987 дар Хелсинки баённомаи Монреал тайёр карда шуда, моҳи январи соли 1989 моҳияти худро пайдо кард. Ин баённома оиди ҳимояи қабатҳои озонӣ, ба истихроҷ накардани моддаҳои заҳролуд нигаронида шудааст.
Ба фикри олимон бо вуҷуди риояи ин қоидаҳо то соли 2050 –ум қабати озонӣ тамоман ҷойи худро ишғол мекунад. Дар нав­бати худ ин аз инсон фақат ҳамҷиҳатиро талаб мекунаду халос.

М.ЗАЙНИЕВА,
муаллимаи фанни кимиёи мактаби рақами 6 –и шаҳри Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ