«Овозҳои нави Ӯзбекистони нав»

«Овозҳои нави Ӯзбекистони нав»

  • Post category:Фарҳанг

Зери чунин шиор дар қасри фарҳангии «Нурафшон»-и шаҳри Самарқанд барномаи консертии санъаткорони ҷавон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аҳолии маҳаллаҳои Нурли келаҷак, Маданият, Нурафшон, Дарғам ва Чорбоғи шаҳраки Кимёгарон иштирок карданд.
– Дар қасли фарҳанг 15 маҳфили фарҳангӣ ва санъат амал мекунад, ки дар онҳо беш аз 200 нафар ҷавонони соҳибистеъдод асрори ҳунар меомӯзанд, – гуфт сарвари шӯъбаи маданияти шаҳри Самарқанд Рита Маҳмудова. – дар барномаи консертие, ки аз тарафи коргардон Ҷавоҳир Ходиев зери роҳбарии бадеии Хуршед Исматзода ташкил гардид, аъзои маҳфилҳои рақси замонавии «Лезгинка-­Нур», театри драмаи халқии «Рақси миллӣ», «Замон», маҳфили «Вокал», инчунин, ансамблҳои доирадастҳо, рақс ва духтаракони дуторнавози мактаби мусиқа ва санъати бачагонаи рақами 6-и шаҳр бо сурудҳои дилкаш, оҳангҳои зебо ва рақсҳои ҷолиби худ кайфияти иштирокдоронро болида намуданд.

Насиба ҶОНТӮРАЕВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ