Оё интернет ҷойи китобро гирифта метавонад?

Сад хона китоб хонӣ суде набувад,
Бояд, ки китобхона дар сина бувад.

Оре, китоб ёр, беҳтарин дӯстдору ғамхор, нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мадагори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Мутолиаи китоб касро бо беҳтарин олами пурасрор, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушию сурур мебахшад, огаҳ месозад. Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб мекӯшад, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро ҷон, ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшанд.
Инсон барои қонеъ гардонидани талаботи худ ҳамарӯза кӯшиш мекунад, ки аз рӯзномаву маҷалла ва китоб истифода барад. Боиси тааcсуф аст, ки хонанда на ҳар вақт китобу рӯзномаро дастрас карда, маълумоти лозимаро ёфта метавонад.
Хушбахтона, солҳои охир, пас аз тараққӣ кардани илму техника мардум барои сайқал додани дониши худ рӯ ба интернет оварданд, ки ин аз пешравии давлат дарак хоҳад дод. Воқеан, интернет воситаест, ки хонандаро ба дунёи рангину афсонавии илму дониш ҳидоят мекунад. Шахс метавонад бо воситаи интернет мавзӯи ба худ лозимаро ба зудӣ дастрас карда, ба мутолиа машғул шавад.
Агар интернетро бо китобу рӯзномаҳо муқоиса кунем, бешубҳа гуфта метавонем, ки бо воситаи интернет маълумотро дастрас кардан осонтар аст. Аз ин рӯ, интернетро модари маънавии илму маърифат гӯем, хато нахоҳем кард. Бинобар ин, солҳои охир, пас аз тараққӣ кардани илму техника мардум каме аз китобу китобхонӣ дур шуда, рӯ ба интернет оварданд. Дар ҳамин радиф саволе ба миён меояд, ки оё интернет ҷои китобро гирифта метавонад?
Ман фикр мекунам, ки интернет ҷои китобро гирифта наметавонад. Аз он сабаб, ки баъзе хонанда ба мазмуну мӯҳтавои маълумоти аз интернет пайдокардааш он қадар аҳамият намедиҳад. Дар китоб бошад, вай баръакс ҷустуҷӯ мекунад, мехонад, таҳлил карда, ба хубӣ дарк хоҳад кард.
Як ҷиҳати бартарии интернет дар он аст, ки он маълумоте, ки дар китоб нест, дар он ҳаст. Бинобар ин, интернет ҳар лаҳзаю ҳар дақиқа барои инсон раҳнамо шуда метавонад. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, китоб ҳеҷ вақт дар байни воситаҳои маълумотдиҳанда мавқеи худро бой намедиҳад. Фаромӯш набояд кард, ки агар хоҳем дар ҷомеа мавқею мақоми хоси худро гум насозем, обрӯю шаъну шарафи махсус дошта бошем, меҳри китобро аз худ дур насозем. Зеро маҳз китоб аст, ки инсонро бомаърифату маданият, хуштарбияву хушахлоқ ва доною закӣ мегардонад. Китоб дар ҳаёти башарият дӯсти боадлу инсоф аст.

Гулафзо ДАВЛАТОВА,
донишҷӯ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ