Чаро коронавирус барои беморони қанд хафви бештар дорад?

Чаро коронавирус барои беморони қанд хафви бештар дорад?

  • Post category:Саломатӣ


Барно Абдусаматова, узви ситоди мубориза бо коронавируси Ӯзбекистон ба ин савол ҷавоб дод.
Одамоне, ки бемории қанд — диабет доранд, дар рӯбарӯи инфексияҳои гуногун беҳимоятаранд. Чунки, шакар таъоми микробҳо мебошад. Агар дар хуни бемори қанд глюкоза бисёр бошад, ӯ СOVID-19-ро душвортар аз сар мегузаронад. Шакар барои ҷараёни “тӯфони ситокинҳо” (цитокиновы шторм), ки дар бемории COVID-19 мушоҳида мешавад, манбаъи қувват мебошад.
Ба хусус, организми беморе, ки вазни зиёдӣ дорад, дар мубориза бо коронавирус хеле душворӣ мекашад.
Беморони қанд агар нишонаҳои коронавирусро дар худ мушоҳида кунанд, бояд зуд ба шифокор муроҷиат кунанд. Муолиҷаи хонагӣ барои чунин беморон мамнӯъ аст.
Бемории қанд дар солҳои охир дар саросари ҷаҳон босуръат паҳн мешавад. Дар ҳар 10 соли охир шумори умумии онҳо 2 баробар афзоиш меёбад. Дар ҳоли ҳозир то 8 дарсади мардуми ҷаҳон аз ин беморӣ ранҷ мебаранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ