Таркиш дар бемористони муолиҷаи коронавирус дар Гулистон


Имрӯз, соати 08.13 дар як бемористони шаҳри Гулистон, ки мубталоёни коронавирус муолиҷа мешуданд, балони кислород таркид. Дар ин бора вазорати вазъияти фавқулодда хабар дод.
Дар натиҷаи таркиш шишаҳои тирезаи бемористон шикаста ва чандин нафар захмӣ шудаанд.
Шӯъбаи вазъияти фавқулодда ва дигар хадамотҳои масъул ба ҷойи ҳодиса рафтаанд ва шаҳрвандонро ба ҷойи бехатар кӯчонданд. Касе қурбони ҳодиса нашудааст. Вазъият зери назорат аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ