Рӯзномахонӣ боз одат мешавад

Рӯзномахонӣ боз одат мешавад

Дар арафаи Рӯзи муаллим ва мураббиён барои шунидани табрики Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев тавассути видеоанҷуман дар толори бинои мӯҳташами ҳокимият муаллиму мураббиёни пешқадам, мудирону роҳбарони таълимгоҳу кӯдакистонҳои ноҳияи Самарқанд ҷамъ омаданд. Вақте ки сарвари давлатамон дар нутқи пурмазмуну дурандешонаи худ доир ба зарурияти мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо ҳарф зад, якбора мавҷи кафкӯбии ҳозирон танинандоз гашт. Ин бесабаб набуд, албатта. Зеро сарвари давлат дуруст таъкид кард, ки баъзе омӯзгорон «обуна ихтиёрӣ, маҷбурӣ не» гуфта аз нашрияҳои даврӣ дур шуданд. Охир ҳар шахсе, ки матбуоти давриро мехонад, вай соҳиби завқи солиму ҷаҳонбинӣ ва тафаккури васеъ мешавад.
Воқеан, рӯзнома – ин минбари озод, оинаи таърих ва тарғибгари қадрият мебошад. Ба қавли устод С. Айнӣ «қавме, ки рӯзнома надорад, оянда надорад».
Вазифаи иҷтимоии воситаҳои ахбори оммавӣ тасвир, таҳлил ва таъкид намудан аст. Дар Муроҷиатномаи Президенти кишвар ба Олий Маҷлис зикр гашт, ки кормандони матбуот воқеаҳои ҳаёти иҷтимоиро боз ҳам васеъ, дақиқ, холис ва тезкор инъикос намуданашон лозим аст.
Доктори фанҳои фалсафа Баҳодури Раҳмон пас аз муҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» таъин гардидан ба иқдоми нек даст зад. Вай аз ҳисоби шоиру нависандагон, санъаткорону хабарнигорон ва масъулони обуна гурӯҳи эҷодӣ ташкил карда, анъанаи вохӯрӣ бо муштариёнро ба роҳ монд. Аз имконияти хушбахтона истифода бурда, камина низ дар чанд мулоқоти рӯ ба рӯ ширкат варзидам.
Сарвари мактаби таълими умумии рақами 30-юми деҳаи Оҳалики ноҳияи Самарқанд Исмоили Ҷабборӣ фикри аҷоибро гуфт: «Дар Самарқанд аз азал мутолиаи рӯзнома яке аз нишонаҳои маърифатдӯстӣ мебошад. Ин иқдоми нек то ҳол идома меёбад. Аммо паҳн кардани матбуоти даврӣ муаммои умум шудааст. Як замон хаткашонҳо рӯзномаву маҷаллаҳоро хона ба хона тақсим мекарданд. Афсӯс, ки ҳозир шӯъбаҳои почта ихтисор шуда, обуначиён матбуоти давриро сари вақт гирифта наметавонанд. Боз «болои сӯхта намакоб» гуфтагӣ барин, пулашро дода, рӯзнома нагирифтани баъзеҳо аламовар аст.»
– Ана барои ҳамин, – шарҳ дод сармуҳаррир, – мо обунаро тавассути идораи рӯзнома ташкил кардем. Мухлисон дастҷамъона обуна шаванд, ходимони мо рӯзномаро ба мактаби шумо мунтазам ва саривақтӣ мерасонанд.
– Як ҳақиқатро тан гирифтан лозим, – риштаи суханро ба даст гирифт сардабири рӯзномаи «Гулобод тонги» Нормурод Каримзода. – Ҳоло аксарияти одамон маълумотҳои сатҳӣ ва дурӯғи сайтҳои интернетро аз мутолиаи рӯзномаҳо афзал медонанд. Агар шумо рӯзномаҳои республикавӣ ва вилоятӣ, аз ҷумла, «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Субҳи Гулобод»-ро ба даст гиред, албатта мавзӯъҳои ба дил наздикро пайдо мекунед. Дар онҳо оиди таърих, маданият, санъат, адабиёт ва навидҳои ноҳия, вилояту ҷумҳурият ва дунё маводҳои шавқангез чоп мешаванд. Аз ҳама муҳимаш, нутқу фармонҳои Президент ва шарҳи онҳо ба забони модарии мо интишор меёбанд.
Дуруст, баъзе шахсон гилаомез иброз доранд, ки забони рӯзномаҳо душворфаҳм аст. Не, дӯстон! Моён аз забони модарӣ фарсахҳо дур шудем. Сабаб – кам ё гоҳ-­гоҳ варақ задани китобу рӯзномаҳо аст!
Мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳияи Самарқанд Баҳриддин Мардонов низ аз табрикоти Президенти кишвар рӯҳбаланд гардида ваъда дод, ки имсол аз ҳар як мактаб 10–15 нафарӣ ба «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд» ва «Гулобод тонги» обуна мешаванд.
Рости гап, ба куҷо наравем, ҳар як шахсро машғули «телефонбозӣ» мебинем. Ҳар як фарди худшиносу худогоҳ вақти қимати худро ба хондани хабарҳои пучу бемаънии интернет сарф намекунад. Ва таъкид кардан ҷоиз аст, ки танҳо аз китобу рӯзномаҳои хонданибоб ғизои маънавӣ, донишу хирад гирифтан мумкин аст. Дар ҷамъомади видеоселекторӣ сарвари кишвар таъкид карданд, ки бе маърифату хирад ягон давлату мамлакат тараққӣ намекунад. Бинобар ҳамин, дилсӯзона зикр намуданд, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия аҳамияти мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо калон аст. Ба фикри мо аз устодону мураббиён ва падару модарон талаб кардан ҷоиз аст, ки онҳо ба нашрияҳои дилхоҳ обуна шаванд, нуран аъло нур мебуд.
Як нуктаро набояд фаромӯш созем, ки иқтисодиёти қафомондаро дар муддати кӯтоҳ пеш бурдан метавон, вале маърифати қафомондаро мукаммалу беҳтар намудан кори басо сангин аст.
Дар шароити ислоҳотҳои васеъмиқёс қадру қимати ахбори солим, ҳаққониву шаффоф меафзояд. Ахбор мисли хӯрокворӣ ба мардум аз ҳарвақта беҳтару бештар зарур аст. Ҳар як хонадон аз имкониятҳои хуби маводи иттилоотӣ баҳраманд шавад, ба мақсад мувофиқ мебошад.
Умед аст, ки имсол маъракаи обуна муташаккилона ба вуқӯъ пайваста, ҳар як оила аз матбуоти даврӣ баҳраманд мешавад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ