Ӯзбекистон барои кормандони соҳаи тиб ва таълим беш аз 1 млн доза ваксина мехарад

Ӯзбекистон барои кормандони соҳаи тиб ва таълим беш аз 1 млн доза ваксина мехарад


Ӯзбекистон барои кормандони тиб ва омӯзгорон то моҳи декабр беш аз 1 миллион доза ваксинаи зидди грипп мехарад. Дар ин бора вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар дод.
Ӯзбекистон барои хариди ваксина бо ширкатҳои Русия тавофуқ кардааст.
То ҳозир 250 ҳазор доза ваксинаи “Совигрипп” харид шуд. Ҳамчунин, Ӯзбекистон то 15 октябр 40 ҳазор доза, то 30 октябр 250 ҳазор доза ва дар моҳи ноябр 500 ҳазор доза ваксинаи “Флю-М” харид мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ