Кӯчаи Рӯдакӣ қиёфаи нав мегирад

Кӯчаи Рӯдакӣ қиёфаи нав мегирад


Васегии роҳи мазкур 24 метрро дар бар гирифта, дуҷониба аз 3 қатор, 7 метр барои трамвай, 2 метр барои велосипед, 7 метр барои пиёдагард бунёд шуда истодааст. Дар ду тарафи роҳ 3 метр майдончаи сабз барои манзара гулҳо ва дарахти ясин мекоранд.
Корҳои ободонӣ аз ҷониби роҳсозони корхонаи Месе йӯл» -и Туркия дар асоси талаботи замон сохта мешавад.
Дар таъмири роҳи 1 километра аз буҷаи давлат 13,5 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шудааст — гуфт, сармутахассиси корхонаи унитарию давлатии «Самминтақавий йӯлларга буюртмачи хизмати» Элдор Бекмуродов. — Барои саривақт иҷро шудани кор, хати қубурҳо халал мерасонанд. Боварӣ дорам, ки ин корро дар муддати наздик ба поён мерасонем.
Бо тамомшавии корҳои ободонӣ ҳаракати нақлиёти шаҳр ба роҳ монда шуда, пеши роҳи тирбандиро мегирад ва кӯчаҳои шаҳр қиёфаи навро соҳиб мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ