Рамзи Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон тағйир ёфт

Рамзи Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон тағйир ёфт

Дар Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон тақдимоти рамзи нави ин созмон баргузор шуд.
Шоири халқии Ӯзбекистон, раиси Иттифоқ Сироҷиддин Сайид рамзи навро ба оммаи васеъ эълон кард.
Рамзи нави Иттифоқ бо фармоиши Вазорати адлияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 15-уми сентябри соли 2020 таҳти рақами 125 дубора ба қайд гирифта шуд. Ин рамз дар ҷамъомади Шӯрои фаъолони Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон 28-уми августи соли 2020 муҳокима ва тасдиқ карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ