Дар Эрон пӯшидани ниқоби тиббӣ маҷбурӣ гардид

Дар Эрон пӯшидани ниқоби тиббӣ маҷбурӣ гардид

  • Post category:Ҷаҳон

Дар Эрон ҳам акнун пӯшидани ниқоби тиббӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ маҷбурӣ шуд.
Муовини кулли Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон Эраҷи Ҳарирчӣ аз иҷбори шудани пӯшидани ниқоб дар Теҳрон хабар дод.
Эраҷи Ҳарирчӣ рӯзи сешанбе гуфт пӯшидани ниқоб дар Теҳрон аз шанбеи оянда иҷро мешавад ва дар мавриди мизону чигунагии ҷаримаи касоне, ки аз ниқоб истифода намекунанд низ коршиносиҳои мухталифе дар ҳоли анҷом аст .
Ҳарирчӣ гуфт дар остони Теҳрон вазъият ногувор аст ва ҳамакнун 4 793 бемори Ковид -19 дар бахшҳо ва 948 бемори дигар низ дар бахши муроқибатҳои вижа бистарӣ ҳастанд .
Яке аз муҳимтарин равишҳои интиқоли Ковид — 19 аз тариқи интишори қатраҳои олудаи тарашшуҳоти танаффусии фарди бемор ба атроф аст, ки маъмулан дар ҳангоми сӯҳбат, сурфа ва атса иттифоқ меафтад .
Ин масъала зарурати истифодаи дуруст аз ниқобро ба унвони муҳимтарин омили боздоранда дар баробари вируси корона нишон медиҳад .

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ