Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон вазъи минтақаро баррасӣ карданд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар рафти суҳбати телефонӣ Сарвари давлат бо Президенти Тоҷикистони дӯст муколамаашонро ҷиҳати баррасии масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ идома доданд.
Дар ин замина ба рӯйдодҳои рӯзҳои охир дар Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Дар ин зимн ҷонибҳо аҳаммияти бо роҳи музокирот ҳар чӣ зудтар ҳаллу фасл намудани вазъияти бӯҳронии дар ин кишвари ҳамсоя баамаломадаро таъкид карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ