Ӯзбекистон

Бо 14 маркази тадқиқотӣ

ҳамкориҳо ба роҳ монда шуд

Дар Хонаи матбуоти вилоят бахшида ба мавзӯи «Ҳамкории воситаҳои ахбори оммавӣ дар таъмини аҳолӣ бо хабарҳои холис ва боварибахш оиди ба роҳ мондани робитаҳои илмӣ бо марказҳои тадқиқотии хориҷа, мақсад ва фаъолияти ҳозираи Маркази байналхалқии илмиву тадқиқотии Имом Бухории назди Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» анҷумани матбуотӣ шуда гузашт.
Онро ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаҳои муштараки «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Ғолиб Ҳасанов сарварӣ намуд.
Директори Маркази байналхалқии илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ Шовосил Зиёдов оиди мавзӯъ ва бо 14 марказҳои тадқиқотии исломӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳо батафсил сухан ронд.
Доир ба масъалаҳои омӯзиши ҳаёту фаъолияти алломаҳое, ки дар кишвари мо ба воя расидаанд, мероси илмиву динии онҳо, корҳои тадқиқотии ходимони марказ ва ғайра ба иштирокчиёни анҷуман роҳбари шӯъбаи Қуръоншиносии марказ Усмонхон Муҳаммадиев маълумот дод.
Роҳбари музей ва шӯъбаи кор бо дастхатҳои марказ Йӯлдош­хон Исоев оиди китобҳое, ки аз тарафи ходимони ин даргоҳ ба табъ расонданд, сухан ронд. 
Дар анҷуман тақдимоти китобҳои «Таърифи Имом Бухорӣ», «Энсиклопедияи алломаҳои Шарқи Миёна», «Ҳаёт ва эҷодиёти Абдулҳамид Кешӣ», «Хазинаи одобҳо» ва ғайра низ ба амал омад.

Б.ҶУМЪАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ