Имрӯз, дар шаҳри Гулистон таркиш ба амал омад


Тибқи маълумот, имрӯз соати 8:13 дар маҷмӯи варзишии «Алпомиш» — и шаҳри Гулистони вилояти Сирдарё, ки барои беморони коронавирус мӯлҷал карда шудааст, таркиш рӯй дод. Сабаби асосии таркишро аз балонҳои кислород маълум карданд. Гуфта мешавад, ки аз мавҷи зарбаи он оинаҳои бино майда -майда гашта, шаҳрвандон ҷароҳати тан бардоштаанд.
Садорати вазъиятҳои Фавқулоддаи вилоят ва дигар ходимони хизматӣ ба зудӣ ба ҷойи воқеа расида, шаҳрвандонро ба ҷойи бехавф кӯчониданд.
Дар ҳодисаи мазкур ягон кас нафавтидааст. Вазъият дар зери назорат аст, гуфта мешавад дар хабар.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ