Назарпурсии CNN: Дар айни ҳол Байден нисбат ба Трамп бештар тарафдор дорад

Назарпурсии CNN: Дар айни ҳол Байден нисбат ба Трамп бештар тарафдор дорад

  • Post category:Ҷаҳон


То рӯзи интихоботи раисҷумҳурии ИМА муддати кам монд. Бино ба назарпурсии шабакаи телевизионии CNN, Ҷозеф Байден ҳоло нисбат ба Доналд Трамп дар миёни овоздиҳандагон бештар тарафдор дорад.
Агар интихобот ҳамин рӯзҳо баргузор шавад, 57 дарсади иштироккунандагони интихобот омода ҳастанд, ки ба Байден овоз диҳанд. Ҳамагӣ 41 дарсад аз Трамп тарафдорӣ хоҳанд кард. 2 дарсади иштироккунандагон таъкид кардаанд, ки ба ягонтои номзадон овоз нахоҳанд дод.
Дар ин назарпурсӣ, ки рӯзҳои 1-4 октябр баргузор шуд, 1205 нафар иштирок карданд.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи раисҷумҳури ИМА 3 ноябр барпо мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ