15 қоидаи ҳаёти хушбахт

  1. Агар ба занг задан ваъда дода бошед, албатта занг занед.
  2. Дер монда истодаед? Пас роҳи огоҳ карданро ҷӯед.
  3. Аз болои орзуи дигарон асло нахандед.
  4. Ҳеҷ гоҳ ба пеши онҳое, ки шуморо рад мекунанд, наравед.
  5. Аз ҳаёт завқ бурданро омӯзед.
  6. Бисёртар вақтатонро бо падару модар гузаронед. Зеро дар вақти дилхоҳ онҳоро пайдо карда наметавонед.
  7. Ба хушмуомила шудан ҳаракат кунед. Муомила – калиди қалб аст.
  8. Одати шикоят карданро тарк кунед. Одамоне, ки шикоят мекунанд, ба ҳеҷ кас маъқул нестанд.
  9. Ҳеҷ вақт касеро ҳақорат накунед. Дар оянда оштӣ мешавед, лекин гапҳои гуфтаатон дар хотир мемонад.
  10. Доим ба ростгӯӣ ҳаракат кунед. Танҳо он гоҳ дурӯғҳоро ба ёд намеоред.
  11. Ба ҳеҷ кор, ба ҳеҷ чиз шумо маҷбур нестед. Бо хоҳиши худ зиндагӣ кунед.
  12. Одамонро ҳурмат карданро омӯзед. Пас онҳо ба шумо бо ҳамон чашм менигаранд.
  13. Одамоне, ки шумо онҳоро қадр мекунед, некиашонро дар ёд доред.
  14. Ҳафтае як маротиба бо одамоне, ки ба шумо маъқуланд, ба ҷойи дӯстдоштаи худ равед.
  15. Ҳар чӣ қадар банд бошед ҳам, барои мутолиаи китоб вақт ёбед.
    Тарҷимаи Лола РАҲИМОВА
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ