Дар Самарқанд шумори беморони COVID-19-ро 10 баробар кам нишон медиҳанд!?

Дар Самарқанд шумори беморони COVID-19-ро 10 баробар кам нишон медиҳанд!?


Акмал Бурҳонов, мудири оҷонси мубориза бо фасодди (коррупсия) Ӯзбекистон гуфт, ки дар Самарқанд шумори мубталоёни коронавирусро аз теъдоди воқеъӣ камтар нишон медиҳанд. Дар натиҷа, шумори умумии беморон дар саросари кишвар низ кам нишон дода мешавад.
Бурҳонов гуфт, “Дар масъалаи омори (статистика) COVID-19 мисол меорам: Бино ба ҳолати рӯзи 5 октябр, соати 23.30 дар вилояти Самарқанд шумори мубталоёни коронавирус ба 2160 нафар ва шумори шифоёфтагон аз он ба 2017 нафар расидааст. Яъне дар айни ҳол 143 нафар бемор нишон сабт шудааст. Вале, бар асоси маълумоти мо, имрӯз дар шифохонаҳои Самарқанд 1155 нафар бемор муолиҷа мешаванд. 10 баробар кам кардан чаро лозим аст?
Шояд ин фасод набошад, бояд сабаби онро омӯзем. Боз такрор мекунам, ин фақат мисоле аз Самарқанд аст. Дақиқан метавонам гӯям, ки аҳвол дар ҳама вилоятҳо ҳамин тур аст…”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ