Нобел-2020: Ҷоизадорони соҳаи кимиё эълон шуданд

Нобел-2020: Ҷоизадорони соҳаи кимиё эълон шуданд

  • Post category:Ҷаҳон


Имрӯз, 7 октябр барандагони ҷоизаи Нобел дар соҳаи кимиё эълон шуданд. Эммануэл Шарпанте, микробиологи фаронсавӣ ва Ҷеннифер Дудна, мутахассиси биокимиёи амрикоӣ барои таҳияи усули таҳрири геном бо ҷоизаи Нобел сарфароз шуданд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 5 октябр дар Шветсия ва Норвегия ҳафтаи Нобел оғоз шуд. Дар рӯзи аввали ҳафта ҷоизадорони Нобел дар соҳаи тиб ва рӯзи 6 октябр ҷоизадорон дар соҳаи физика эълон шуданд.
Фардо, рӯзи 8 октябр барандаи Нобел дар соҳаи адабиёт маълум мешавад.
Рӯзи 9 октябр дар шаҳри Осло барандаи Нобел барои саҳмгузорӣ дар сулҳу оромиши дунё эълон мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ