Биҳӣ дил, майна ва меъдаро қувват мебахшад

Биҳӣ дил, майна ва меъдаро қувват мебахшад

  • Post category:Саломатӣ


Ин меваи маълум аст, ки се синф мебошад: а) биҳии ширин, ки онро биҳии озод меноманд; б) биҳии майхуш, яъне туршу ширин, ки ин ҳам бисёр аст; в) биҳии маҳз турш. Мизоҷи биҳии ширин дар гармиву сардӣ қариб дар эътидол аст ва дар дараҷаи якум тар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, дил, майна ва меъдаро қувват мебахшад; рӯҳи ҳайвониро, ки манбаъи он дил аст ва рӯҳи нафсониро, ки манбааш мағзи сар аст, сурур мебахшад; пешобро меронад.
Оби биҳии ширинро гарм карда бимоланд, варами дасту поҳо ва сустии ҷигари гарммизоҷонро ба ибро меоварад, вале хунукмизоҷонро зарар дорад. Биҳии ширинро напухта бихӯранд, аз ҷойҳои дигари бадан рехта шудани моддаҳои зарарнокро манъ мекунад, вале дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо менамояд.

Мизоҷи биҳии турш дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, хислатҳояш дар бобати қувват бахшидан барои меъдаи гарммизоҷон аз биҳии ширин қавитар аст. ва агар инро аз болои таом бихӯранд, оҳиста исҳол меоварад ва агар дар вақти холӣ будани меъда бихӯранд, дар одамони гарммизоҷ дарунро мебандад.
Усораи биҳии турш, яъне оби онро дар офтоб ғафс гардонида бинӯшанд, барои иллати ростнафас, ки бемораш даоз кашида ва хобида нафас гирифта наметавонад, дамкӯтаҳӣ, хун қай кардан, иллати қайкунӣ, дафъи хумор, таскин додани ташнагӣ, бисёр пешоб шудан ва дигар хунравиҳо даво мебошад.

Мизоҷи биҳии майхуш, яъне туршу ширин дар гармӣ ва сардӣ мӯътадил ва дар дараҷаи дувум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: таъсир ва хусусиятҳои ин қариб ба ҳар ду навъҳои зиркёфта аст. Вале аз он ҳар ду гаронтар мебошад. Ба қавли ҳаким Қурайшӣ, агар инро аз ҳад бисёр бихӯранд, оруғ меоварад дарҳол.
Ҳар як навъи биҳиро бихӯранд, фараҳ меоварад, рӯҳҳои ҳайвонӣ ва нафсониро қувват медиҳад, беҳузур (беҷо) шудани дилро қатъ мекунад ва аз узвҳои ботинӣ рафтани хунро манъ менамояд.
Аз биҳӣ равған ҳам тайёр мекунанд. Мизоҷи ин равған хунук ва тар аст. Молидани ин барои сабӯсаки сар, мӯрчагазак ва захмҳои даруни даҳан дору мешавад. агар ба даруни бинӣ бичаконанд, чарх задани сар, дар гӯш бичаконанд, ҷаранги даруни гӯш шифо мебахшад. Мева ва барги онро кӯфта, бардавом гузошта банданд, варамҳои гарми чашм ва дигар узвҳоро таҳлил медиҳад ва намегузорад, ки моддаҳои зарарнок ба узвҳо рехта шаванд, заҳри ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад.
Таҳияи Л.Раҳимова

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ