“Динамо” аз Хоразм бо “дастони холӣ” баргашт

“Динамо” аз Хоразм бо “дастони холӣ” баргашт

  • Post category:Варзиш


Ҷамоаи “Динамо”-и шаҳри Самарқанд рӯзи гузашта дар чорчӯби ҳафтаи даҳуми Про-лига меҳмони “Хоразм” шуд. Мутаассифона, футболбозони Самарқанд паиҳам дар бозии дувум мағлуб шуданд. Голи Сардорбек Маматмуродов дар дақиқаи 31-ум ба “Хоразм” ғалабаи нахустини мавсимро овард.
“Динамо” дар ин рақобат бо ин таркиб бозӣ кард:

  1. Эркин Ҷабборов, 2. Ҳакимхон Аъламхонов, 6. Бобур Қосимов, 7. Суҳроб Нуруллоев, 9. Ҷаҳонгир Аҳмадов, 11. Дамир Темиров, 14. Андрей Сидоров, 19. Обид Ҷўрабоев, 23. Шаҳзодбек Ҳамидов, 26. Комил Шарафутдинов, 95. Азимҷон Мирзаев.
    Ҳоло “Динамо” бо 11 хол дар паллаи 5-уми ҷадвали Про-лига қарор дорад. “Динамо” бозии ояндаи худро дар Ҷиззах бо “Зомин” баргузор мекунад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ