Қабул ба коллеҷ ва техникумҳо то 20 октябр идома меёбад


Бо мақсади пуштибонии онҳое, ки имсол натавонистанд ба донишгоҳҳо дохил шаванд, муддати ҳуҷҷатсупорӣ ба коллеҷ ва техникумҳо то 20 октябри сол дароз шуд.
Қабули ҳуҷҷатҳо онлайн буда, тавассути сайтҳои www.kollej.edu.uz ва www.texnikum.edu.uz амалӣ мегардад.
Барои қабул ба коллеҷу техникумҳо чунин ҳуҷҷатҳо заруранд:
Аризаи электронӣ;
Нусхаи электронии шиноснома;
Нусхаи аттестат дар бораи хатми синфи 11, ё нусхаи дипломи муассисаи таълими махсуси миёна;
Фото 3×4.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ