Ӯзбекистон

Аз эътибор ва ғамхорӣ ҳеҷ кас дар канор нест

Дар Маркази ҷавонони Самарқанд бо иштироки зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони ногиро тадбири хайриявӣ баргузор гардид. 
Ба он ҷонишинҳои ҳокими шаҳр, роҳбарони секторҳо, шӯъба ва садоратҳои ҳокимият, сарварони корхонаву ташкилотҳои дахлдор, депутат ва ходимони воситаҳои ахбори умум даъват шуданд. 
Ҳокими шаҳр Ф.Раҳимов ба сухан баромада, дар бораи эътибор ва ғамхорие, ки дар мамлакатамон ба инсонҳои ниёзманд дода мешавад, яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатӣ будани ҳимояи иҷтимоии аҳолии эҳтиёҷмандро таъкид намуд. 
Дар тадбир ба ногироҳо 131 аробачаи ногироӣ, 35 асобағал, 64 дастгоҳи шунавоӣ, 64 асо, 17 асои нобиноҳо ва 3 дастгоҳи махсус барои қадамзании кӯдакон дода шуд. 
Бояд гуфт, ки дар ду соли охир хонаи 25 нафар шахси ногиро, камбизоат ва пири танҳо таъмир карда шуд. Ба 83 нафар шахсони ногиро ва камбизоат бепул хонаву ҷой доданд. Инчунин, 112 аробачаи ногироӣ, 4 дастгоҳи шунавоӣ, 34 асо, дорувор ва дигар дастгоҳҳои реабилитатсионӣ супорида шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ