Нархи ваксинаи зидди сирояти коронавирус дар Россия чанд сӯм аст?

Арзиши як вояи ваксинаи зидди сирояти коронавирус дар Россия аз 1000 рубл зиёд нахоҳад шуд. Дар ин бора роҳбари Хадамоти федералии зиддиинҳисорӣ Игор Артемев дар ҷаласаи мушовараи Қрим изҳор дошт, хабар медиҳад ТАСС.
«Мо мефаҳмем, ки нарх метавонад хеле баланд бошад, масалан, дар ҳудуди ҳазор рубл барои як воя, зеро (ваксинаҳо) бо миқдори нисбатан кам истеҳсол мешаванд ва барои тавсеаи тавлидоти онҳо сармоя зарур аст», — гуфт Артемев.
Ба гуфтаи вай, нархномаи дору ҳанӯз муайян нашудааст, аммо дар оянда нархи воя коҳиш хоҳад ёфт. «Минбаъд нархи он танҳо то замоне коҳиш меёбад, ки нишондиҳандаҳо барои кишварҳои референтӣ пайдо шаванд», — зикр намуд раиси ФАС.
Ёдовар мешавем, ки нахустин ваксинаи зидди коронавирус- «Спутник V» дар ҷаҳон 11 август дар Россия сабти ном шуд. Истеҳсоли дору 15 август оғоз ёфт. Сипас ваксинаи дуюм сохта шуд. Ба ҳамин тартиб, ҳоло дар Россия ду ваксинаи зидди сирояти коронавирус санҷида мешаванд. Ваксинаи «Спутник V», ки онро маркази Гамалея коркард намудааст, моҳи август аз ҷониби Вазорати тандурустӣ тасдиқ шуд ва ҳоло дар тани ҳазорон нафар ихтиёриён санҷида мешавад. Баъди ба охир расидани марҳилаи сеюми таҳқиқот, ваксина ба муомилоти шаҳрвандӣ ворид мешавад.
Ваксинаи «ЭпидВакКорона» аз маркази вирусшиносии «Вектор» -и Новосибирск ҳоло озмоиши марҳилаи дуввумро сипарӣ намудааст. Моҳи октябр он бояд сабти ном шавад, сипас таҳиягарони он марҳилаи сеюми таҳқиқотро моҳҳои ноябр-декабр оғоз мекунанд.
Тавре ки роҳбари Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба ҳифзи саломатӣ Дмитрий Морозов иброз намуд, пеш аз ҳама, кормандони соҳаи тандурустӣ, кормандони муассисаҳои таълимӣ ва полис алайҳи COVID-19 эм карда мешаванд. Пас аз он кормандони нақлиёт ва хӯроки умумӣ эм карда мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ