Нархи “супер-контракт” маълум шуд

Нархи “супер-контракт” маълум шуд


Бар асоси баёнияи рақами 5-и комиссияи қабул, нархи “супер-контракт” тасдиқ шуд. Дар ин бора вазорати таълими олӣ ва махсуси миёна хабар дод.
Довталабоне, ки барои қабули онҳо ба донишгоҳ 4 бал нарасид ва бали ҷамъкардаи онҳо аз 56,7 кам нест, метавонанд аз ин имтиёз истифода кунанд.
Миқдори пули шартнома барои чунин шакли таълим баробар бо 8-17 баробари миқдори пули шартномаи бестипендия мебошад. 10 дарсад тахфифе, (скидака) ки барои донишҷӯёни шартномавӣ имсол ҷорӣ шуд, барои “супер-контракт” низ дар амал аст.
Муроҷиати довталабон ба донишгоҳҳо барои ин шакли таълим ба сурати расмӣ аз 26 сентябр оғоз шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ