Масъалаи ҷанги Кӯҳистони Қаробоғ дар Маскав ва Женева баррасӣ мешавад

Масъалаи ҷанги Кӯҳистони Қаробоғ дар Маскав ва Женева баррасӣ мешавад

  • Post category:Ҷаҳон


Русия, ИМА ва Фаронса, аъзои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба зудӣ дар мавриди ҷанги Кӯҳистони Қаробоғ дар Женева ва Маскав музокираҳо баргузор мекунад. Дар ин музокираҳо вазирони корҳои хориҷии Арманистон ва Озарбойҷон даъват шуданд. Дар ин бора Жан ив Ле Дриан, вазири корҳои хориҷии Фаронса хабар додааст.
Музокираи якум имрӯз, 8 октябр дар Женева ва музокираи баъдӣ рӯзи 12 октябр дар Маскав барпо мегардад.
Таркиби музокираҳо дақиқан маълум нест. Масалан, иштироки ИМА ва Фаронса дар музокираҳои Маскав номаълум аст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27 сентябр ҷанги Кӯҳистони Қаробоғ оғоз шуд ва то рӯз то рӯз шиддат мегирад.
Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз Арманистон ва Озарбойҷон қатъи ҷангро дархост мекунанд, вале ин дархостҳо натиҷае надорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ