Футбол: Ӯзбекистон дар бозии дӯстона ба Эрон мағлуб шуд

Футбол: Ӯзбекистон дар бозии дӯстона ба Эрон мағлуб шуд

  • Post category:Варзиш


Имрӯз, 8 октябр дар Тошканд ҷамоаҳои миллии футболи Ӯзбекистон ва Эрон бозии дӯстона баргузор карданд.
Дар охирҳои қисми аввали бозӣ Сардор Озмун, ҳуҷумгари Эрон голи аввали бозиро ба номи худ сабт кард. Дар дақиқаи 51-уми бозӣ Маҳдӣ Торамӣ, ҳуҷумгари дигари эрониён пеналтиро ба самар расонд – 0:2. Элдор Шомуродов, ки чанде пеш бо ҷамоаи “Женоа”-и Италия шартнома баста буд, баъди 2 дақиқаи голи дувуми Эрон голи ягонаи Ӯзбекистонро вориди дарвозаи Паём Ниёзманд кард.
Бозӣ бо ҳамин 1 бар 2 бо ғалабаи Эрон ба поён ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ