Рӯзномаи “Булунғур ҳаёти” 90-солагии худро дар бинои нав пешвоз мегирад


Рӯзномаи “Булунғур ҳаёти” моҳи декабри соли 1931 таъсис ёфтааст. Рӯзнома пеш бо номҳои “Колхозчилар байроғи” ва “Коммунист” чоп шуда ва хабарҳои ноҳияҳои Ҷомбой ва Пайариқро низ нашр кардааст. Шӯрои намояндагони халқи Булунғур ва ҳокимияти ноҳия муассисони рӯзномаи “Булунғур ҳаёти” мебошанд.
Ин рӯзнома, ки ҳоло матлабҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавӣ-маърифиро бозтоб чоп мекунад, соли оянда 90-умин солгарди худро ҷашн мегирад.
Имрӯз бо замон ҳамнафас будани нашрияҳо талаби давр аст. Албатта, барои ин ходимони кордон, шарту шароит ва пояи моддиву техникӣ зарур аст. Ба ҳамин далел, барои таҳририяти “Булунғур ҳаёти” ҳоло бинои нав сохта мешавад. Бинои нав дорои 4 ҳуҷраи корӣ ва ҳамагуна шароиту пояи моддиву техникӣ аст.
Баҳодир Баҳромов, ҳокими ноҳияи Булунғур рӯзи 7 октябр дар бораи ҷараёни сохтусози бинои нави рӯзнома таклифҳои худро изҳор кард ва афзуд, “Рӯзнома як оинаест, ки ҳаёти маънавӣ ва маърифии ноҳияро, имрӯзу фардои онро нишон медиҳад. Пас зарур аст, ки барои фаъолияти самарбахши кормандони таҳририят бояд шароити муносиб эҷод кунем”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ