Олимон: Карантини кӯтоҳмуддат зарар дорад

Олимон: Карантини кӯтоҳмуддат зарар дорад


Олимон ба ин назаранд, ки карантини кӯтоҳмуддат зарар дорад. Ин натиҷаи тадқиқоти олимони донишгоҳи Эдинбург аст. Дар ин бора Sky News хабар дод.
Карантинҳои кӯтоҳмуддат ҳимояи аҳолиро заъиф, умри пандемияи COVID-19-ро дароз, шумори маргро зиёд мекунад
Ба гуфтаи олимон, карантине, ки саривақт ҷорӣ шуд, аз ҷиҳати коҳиш додани талаб ба ҷойҳои муолиҷа дар бемористон самарбахш аст, вале, ин аз сӯи дигар боиси идома пайдо кардани пандемия ва дар баъзе ҳолатҳо ба афзоиши марг бар асари коронавирус мешавад.
Аз назари олимон, бо поён расидани карантини кӯтоҳмуддат аксарияти одамон дар рӯбарӯи вирус оҷиз мемонанд, ҳамчунин, шумори онҳое, ки мубталои вирус шудаанд, маҳфуз мемонад. Дар натиҷа, барои мавҷи такрории эпидемия ва қурбониҳои нав шароит эҷод мешавад.
Олимон мегӯянд, ки марги мубталоёни коронавирус бештар ба синну соли беморон вобаста аст, на ба шумори онҳо.
Марк Вулхаус, профессори донишгоҳи Эдинбург гуфт, “Карантин буҳрони мавҷударо аз байн мебарад, вале муамморо ба муддати дароз ҳал намекунад”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ